16-уми июл полковники тоҷиктабори Қирғизистон Баҳодур Шарифович Абдураззоқов бар асари беморӣ вафот кард. Вай зодаи деҳаи Тоҷикқишлоқи ҷамоати шаҳрвандони деҳкадаи Учқӯрғони ноҳияи Қадамҷо, воқеъ дар вилояти Боткент, мебошад.

Баҳодур Абдураззоқов соли 1957 таваллуд ёфтааст. Баъди хатми мактаби миёнаи ба номи Садриддин Айнӣ ба факултети риёзии Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе дохил шуда, онро бумуваффақият хатм намудааст. Аввал дар мактаби деҳа омӯзгор шуда кор кардааст, баъд Хадамоти амнияти Қирғизистон ӯро барои кор истихдом намудааст.

Вай аввал сардори идораи амнияти ноҳияи Қадамҷо таъйин шудааст. Баъд чанд сол ба ҳайси муовини сардори Садорати хадамоти амнияти Қирғизистон дар вилояти Ӯш низ вазифа анҷом додааст. Баҳодур Абдураззоқов то синни нафақа дар ин ниҳод вазифа анҷом додааст ва аз рутбаи лейтенантӣ то рутбаи полковникӣ расидааст.

Баҳодур Абдураззоқов дар Афғонистон қарзи интернатсионалистии худро низ анҷом додааст. Вай дар ин кишвар тайи ду сол кор кардааст.

Ҳамсари ӯ — Қумрихон Абдураззоқова омӯзгор аст. Вай низ дар Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе таҳсил кардааст. Замони донишҷӯӣ ба Баҳодурҷон Абдураззоқов издивоҷ намудааст. Онҳо соҳиби фарзандону наберагон мебошанд. Дар айни ҳол Қумрихон Абдураззоқова директори мактаби миёнаи ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Қадамҷоро бар дӯш дорад.

Баҳодур Абдураззоқов сирату сурати зебо дорад. Вай аз фарзандони хонаводаи шоир Шарифҷони Учқӯрғонӣ мебошад, ки ҳоло ба синни навад расидааст. Шарифҷони Учқӯрғонӣ муаллифи якчанд китобу маҷмӯаҳои шеърӣ ва ҳикояву хотираҳо мебошад.

Яке аз писарони ӯ Мавлонҷон Абдураззоқов ноиби аввали раиси Созмони тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ аст. Вай аз соҳибкорони варзидаи тоҷиктабори ин кишвар муаррифӣ шудааст. Мавлонҷон бо бародаронаш — Баҳодур, Миродил ва Музаффар дар таъсису ташкили Созмони тоҷикони Қирғизистон саҳми бузург гузоштаанд.

Ин созмон соли 1993  бо ибтикори академики Академияи илмҳои тибби Қирғизистон Абдуҳалим Раҳимҷонов  ва ҳамкории хонаводаи Шарифҷон Абдураззоқов, Саидазим Пӯлодов, ҳамчунин як гурӯҳ зиёиёни тоҷиктабори ҷамоати Учқӯрғон ташкил шудааст.

Баҳодур Абдураззоқов барои рушду нумӯи ин созмон муддати дароз талош ба харҷ додааст. Вай аз фарҳангдӯстони тоҷики муқими Қирғизистон маҳсуб меёфт. Ба забони модариаш  ҳамеша арҷ мегузошт ва дар тарғибу ташвиқи он заҳмат мекашид.

— Созмони тоҷикони Қирғизистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз марги Баҳодур Абдураззоқов сахт андӯҳгин аст. Вай ба ҳайси шахсияти фарҳангдӯст ҳамеша дар таъсиси ҷамъомадҳои созмони тоҷикон дасти кумак дароз менамуд ва мувофиқи имконот ёрии моддӣ низ мерасонид. Ёдаш дар миёни мардуми саросари Қирғизистон, хосатан тоҷиктаборони кишвари мо абадӣ хоҳад монд. Ӯро ҳамеша ба некӣ ёд хоҳем кард, — мегӯяд раиси Созмони тоҷикони Қирғизистон ба номи Рӯдакӣ Равшанбек Собиров.

Интизор меравад, ки номи Баҳодур Абдураззоқов дар маҳали зисти ӯ абадӣ гардонида хоҳад шуд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, аҳли эҷоди вебгоҳи faraj.tj аз марги Баҳодур Абдураззоқов андуҳгин буда, ба наздикони ӯ таслият арз мекунанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here