Субҳи имрӯз зиёда аз 200 нафар сокини маҳали аҳолинишини Равоти Кабуди деҳаи Қаробоғи ноҳияи Боткон бо ҳамроҳӣ ва таҳти ҳимояти гурӯҳи мусаллаҳи сарҳадбонони Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳудуди марзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи ҷамоати деҳоти Лаккони шаҳри Исфара ҳадафнок ворид шудаанд. Дар ин бора сухангӯи раиси шаҳри Исфара Иқбол Тешаев хабар дод.

Манбаъ гуфт, ки аас аз тирпарронии огоҳкунандаи сарҳадбонони тоҷик ба ҳаво қисми зиёди онҳо аз ҳудуд берун рафтанд, роҳбарияти шаҳри Исфара ва мақомоти марбутаи кишвар ҷиҳати ба низом ва эътидол овардани вазъият дар марз корбарӣ доранд.

Бояд тазаккур дод, ки ин ҳодисаи ягона дар вақтҳои охир нест. 10 рӯз қабл низ гурӯҳи 6-нафараи бо яроқ мусаллаҳи сарҳадбонони қирғиз марзро убур карда будаанд.

Мақсади асосии сокинони маҳали аҳолинишини Равоти Кабуди деҳаи Қаробоғи ноҳияи Боткон азхудкунии заминҳои минтақа мебошад, ки аслан ҳудуди баҳснок набуда, ба марзи маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад.

Агар қаблан қонуншиканиҳо ва амалҳои иғвогарона дар деҳаи Оқсойи ноҳияи Боткон бо сокинони ҷамоатҳои деҳоти Ворухи шаҳри Исфара, деҳаҳои Ортобозу Коктоши ноҳияи Боткон бо сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло ва маҳаллаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ зиёд рух медоданд, пас вақтҳои охир ин гуна амалу ҳаракатҳои иғвогарона деҳаҳои наздисарҳадии Ҷамоатҳои деҳоти Лаккон ва Чилгазиро низ фаро гирифтааст.

Аз ҷумла, аз тарафи сокинони деҳаи Чонталааи ноҳияи Боткон то ҳол корҳои сохтмонии манзилҳои истиқоматӣ ва дигар иншоотҳои ёрирасон дар минтақаҳои делимитатсиянашудаи сарҳади давлатӣ идома ёфта истодааст.

Ҳамин зайл, сокинони ноҳияи Боткони Ҷумҳурии Қирғизистон таҳти ҳимояти мақомоти қудратии ин кишвар бо ҳаракатҳои иғвогаронаи худ ба кори Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсия монеа эҷод мекунанд.

ИҒВОИ НАВБАТИИ САРҲАДБОНОНИ ҚИРҒИЗГурӯҳи мусаллаҳи сарҳадбонони Қирғизистон ба ҳудуди марзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи ҷамоати деҳоти Лаккони шаҳри Исфара ҳадафнок ворид шуданд.ОЧЕРЕДНАЯ ПРОВОКАЦИЯ КЫРГЫЗСКИХ ПОГРАНИЧНИКОВГруппа вооруженных кыргызских пограничников намеренно вторглась на территорию Республики Таджикистан в джамоате Лаккон города Исфары

Geplaatst door Иқбол Илёсзода op Woensdag 22 mei 2019

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here