Комиссияи давлатии корҳои дин дар Қирғизистон ташхиси изҳороти Арстанбек Абдилдаев (Арслан Алай)-ро, ки худро Худо меномад, шуруъ кардааст. Дар ин бора рӯзи 16-уми октябр 24.kg хабар дод.
Аз андешаҳои хоси Арслан Алай дар ҷаласаи Кингоши Кенеш (парламент) вакил Улуғбек Ормонов низ ёдоварӣ кардааст. Раиси Кумитаи давлатии дин Зайробек Эргешов дар ҷавоб гуфтааст: «Аризаи ин шахс барои баррасӣ фиристода мешавад. Аз рӯи натиҷаҳои он, қарор қабул карда хоҳад шуд». Эргешов мушаххас накардааст, ки ин санҷиши забоншиносӣ, мазҳабӣ ё равонӣ аст.
Арстанбек Абдилдаев фаъолияти меҳнатии худро ҳамчун соҳибкор, арбоби ҷамъиятӣ ва роҳбари ҳизби сиёсии Эл Учун оғоз кардааст. Вай дар интихоботи президентии соли 2011 ширкат кард ва 0,47% овоз гирифт. Чанд моҳ пас аз интихобот, Абдилдаев нишасти матбуотӣ баргузор кард ва изҳор дошт, ки ҳаёт дар Замин аз қирғизҳо сар мешавад, Эраи тиллоӣ соли 2012 меояд ва президенти Русия Владимир Путин «биороботи мураккаб»-ест, ки инсониятро наҷот додааст. Яке аз ибораҳои Арслан Алай, «зимистон нахоҳад шуд» ба як меми интернетӣ (истилоҳе барои тавсифи мавзӯъ ва ақидаҳое, ки ба василаи интернит густариш ва шуҳрат пайдо мекунад –ред.) табдил ёфтааст. Баъд аз ин, ин сиёсатмадор хеле машҳур гашт, аммо дар интихоботи соли 2017, вай назар ба соли 2011, чанд маротиба камтар овоз гирифт.
Дар соли 2019 Абдилдаев дар шабакаи Next-TV ба пахши барномаи худ шуруъ кард. Вай иддао дорад, ки ба тамошобинон бо энергияи коинот таъсир мерасонад. “Дар кӯдакии мо Кашпировский буд. Ман ҳатто аз вай нерӯи бештаре дорам”, — гуфтааст Абдилдаев. Ба гуфтаи вай, интиқоли нерӯ ҳангоми гуфтугӯи телефонӣ низ имконпазир аст. Вай бо ин роҳ ҳам ба одамон хидмат пешниҳод мекунад.
Абдилдаев дар як мусоҳиба дар охири моҳи сентябр аз табиати илоҳӣ доштани худ эълон кард. Вай гуфт: «Худо ба як шахс – ба Арстан Алай нерӯи коинотӣ дод ва бинобар ин ман худро Худои нав ҳисоб мекунам! Ман рисолати аз боло бароям додашударо иҷро мекунам».
Бино ба гуфтаи ӯ, дар соли 2020, президенти Қирғизистон Сооронбай Ҷеенбеков маҷбур хоҳад шуд, ки истеъфо диҳад, зеро «асрори асри тиллоии асри 21-ро намедонад». Гуфта мешавад, ки ҷои сарвари давлатро гӯё худи Абдилдаев мегирифтааст. «Ман ҷавҳари ҳаёт, ман меҳвари ҳаёт, ман ҳастаи ҳаёт, рангинии ҳаёт ва афсонаи ҳаёт ҳастам» — гуфтааст ӯ.
Арслан Алай инчунин гуфтааст, ки дар ибораи ӯ «зимистон вуҷуд надорад» чизи аҷибе нест. «Ба туфайли нерӯи ман дар шимол пиряхҳо об мешаванд ва гармшавии глобалӣ сар шудааст. Дар он ҷо ба зудӣ об нест мешавад, бухор мегардад. Ва зимистон ҳам намешавад. Замин шакли табақро мегирад ва боз ҳам бузургтар мешавад». — гуфтааст ӯ.
Абдилбай ибни Аболтус валади Арслонбаевич номи пурраи эшон. Авази йо ин ки бадали менамояд, рафик,и азизу маризи мо.