Бо мақсади пеш бурдани сиёсати ичтимоии ташкилот ва зиёд намудани сафи мутахассисони ҷавон ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ аксияи «ИМОН СКОЛАРШИП» -ро дар байни донишҷуёни мактабҳои олии кишвар моҳи август эълон намуда буд. Аксияи мазкур дар ду давра гузаронида шуд.

Шарти асосии аксия чунин буд:

Дар аксия танҳо донишҷӯёни мактабҳои олӣ, ки дониши намунавӣ доштанд, ҳуқуки иштирок карданро доштанд;

Шарти дигари озмун чунин буд, ки донишҷӯ бояд нишондиҳандаҳои хуби таълимӣ дар семестри гузашта дошта бошад. Аз ҳамаи баҳоҳо, 80% бояд баҳои аъло ё «А» ва 20% боқимонда хуб ё «В» –ро ташкил диҳанд.

Дар ҳолати мувофиқат намудан ба ин шартҳо, донишҷӯён ба наздиктарин маркази хизматрасонии ташкилот омада ё ин ки фосилавӣ тавассути вайбер чат-боти ташкилот анкетаи иштирокчиро бо пешниҳоди нусхаи дафтарчаи имтиҳонот ва шиноснома бояд пур мекарданд. Баъд аз қабули анкета, ба донишчуён ID рақами нотакрор дода шуд.

Дар давраи якуми аксия, ки он моҳи октябр ҷамъбаст гардида буд, ҳамагӣ 1248 дархост барои иштирок дар ин аксия равона гардид, ки аз он дархости 703 нафар  барои иштирок дар аксия роҳ дода шуданд.  55 нафар донишҷӯён бо туҳфаҳои арзишноки гуногун ба монанди смарт-соатҳо, гӯшмонакҳои бесим, кортҳои бонкӣ, бастаҳои интернетӣ ва аз ҳама асосӣ 10 адад идрорпулӣ бо арзиши 1000 сомонӣ қадрдонӣ  карда шуданд. Туҳфаҳои арзишнокро донишҷӯён аз шаҳру ноҳияҳои гунонгуни ҷумҳурӣ бурд намуданд.

Дар давраи дуюми аксия, ки он моҳи январ оғоз гардида то охири моҳи феврал қабули дархостҳо гузаронида шуд, ки дар натиҷа1907 дархост аз донишҷӯён қабул гардидааст, ки аз он дархости  754 нафар аз донишҷӯён барои иштирок дар бурди тӯҳфаҳо роҳ дода шуданд. Акнун бо назардошти он, ки қабули анкетаҳо ба анҷом расид, давраи дуюми аксияро метавонем, ҷамъбаст намоем.

Фонди туҳфавии аксия аз инҳо иборат аст:

  • 10 стипендия, ҳар яке бо маблағи 1000 сомонӣ.
  • 10 адад смарт-соати нав.
  • 10 адад гӯшмонакҳои бесим.
  • 10 адад корти бонкӣ аз «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» бо маблағи 50 сомонӣ.
  • 15 бастаҳои интернетӣ аз «Tcell» бо ҳаҷми 1 000 Мб дар давоми 3 моҳ интизори ғолиб мебошад!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here