Ширкати мухобиротии Tcell аз шурӯъи дигарбораи иқдоми «Бахтатро бисанҷ» эълон медорад. Сандуқи ҷоизаҳо (фонди ҷавоиз) аз 6 автомобили Hyundai дар саросари кишвар, ки сетои он барои муштариёни вилояти Суғд аст ва дигар тӯҳфаҳои арзишманд- ноутбукҳо, смартфону Smart TV-ҳо иборат мебошад. Дар аксияи мазкур ҳамаи муштариёни ширкат дар тамоми ҷумҳурӣ иштирок карда метавонанд.
Иқдом аз 1 ноябр то 31 декабри соли 2019 идома ёфта, қуръакашии ниҳоии бурди ҷоизаҳо рӯзи 3 январи соли 2020 баргузор мегардад. Ғолибон тавассути қуръапартоии рақамҳои тасодуфӣ муайян гардида, тариқи пахши зинда дар телевизион нашр мешавад.
Барои иштирок дар иқдом муштариро зарур аст, ки ба рақами кӯтоҳи 707 занг занад ва ё фармони *707# -ро иҷро намояд. Пас аз ин, ба муштарӣ рақами мушаххаси инфиродӣ, ё худ ID-рақами ягона ирсол мегардад ва бо ин рақамҳо дар бурди ҷоизаҳо иштирок карда метавонад. Барои муштариён аз вилояти Суғд ID-рақам ба чунин тарз: «N1234567» ва барои муштариёни Душанбею дигар манотиқ – «S1234567» пешниҳод мешавад.
Шумораи ID-рақамҳо барои ҳар як муштарӣ маҳдуд нест, нархи як ID – ҳамагӣ 2 сомонӣ аст. Фармони тафтишо ID – *707*7#.
Иқдоми «Бахтатро бисанҷ» -и ширкати Tcell охирин бор соли 2015 баргузор гардида, он вақт низ ба муштариёни ғолиб 6 автомобил ҳадя шуда буд.
Шитобед, дар ин иқдом ширкат варзед, бахти худро санҷед ва соҳиби тӯҳфаи фаромӯшнашуданӣ дар Соли нави 2020 шавед!