Субҳи рӯзи 25-уми октябр дар Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ” аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳо иқдоми минтақавӣ зери унвони “Пиряхҳоро ҳифз кунем!” доир гардид.

Дар иқдом хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои миёна ва олии касбӣ дастовардҳои худро дар самти ҳифз ва нигаҳдошти пиряхҳо ба намоиш гузоштанд.

Дар ҷараёни иқдом роҳбари Кумитаи ҳифзи муҳити зист Гулмаҳмадзода Давлатшо Қурбоналӣ ва президенти Академияи илмҳо Фарҳод Раҳимӣ сухан карданд.

Фарҳод Раҳимӣ қайд кард, ки дар чил соли охир зиёда аз 1000 пирях дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз байн рафтааст ва масоҳати пиряхҳои дигари кишвар мунтазам коҳиш меёбад.

— Аз ин лиҳоз, бо мақсади усулҳои нигаҳдошти пиряхҳо, дар Академияи илмҳо Маркази нигоҳдошти пиряхҳо ташкил шуд. Имрӯз мутахассисони марказ ба мониторинг, бақайдгирӣ ва баъд аз панҷоҳ сол барои аз нав таҳия кардани харитаи пиряхҳои Тоҷикистон машғуланд, — гуфт Раҳимӣ.

Ёдовар мешавем, ки ҳадафи баргузории ин иқдом пеш аз ҳама ҳифз кардани пиряхҳо аз нобудшавӣ ва дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом додан бо мардум мебошад.

Махкам Махкамзода,

муҳассили Мактаби рӯзноманигории МТЖТ

1 бинависед

  1. Чорвои калони шҳохдор ва чорвои майдаи бешохи арбоб камолҳоро дар байни мардуми камбизоат тақсим карда додан даркор то адолати иҷтимоиро бо кам шудани теъдоди чорвоҳои шохдору бешох таъмин карда, дар натиҷа гози карбон рӯйи ба коҳиш мениҳад. Мутахассисони марказ ба мониторинг, бақайдгирии Академия баъд аз панҷоҳ сол барои аз нав таҳия кардани шумори чорвоҳои бешоху шохдори Тоҷикистон ба Маркази омор ва домпарварии гузориши худро пешниҳод кунанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here