Иоланда Нерии 100-сола аз Испания буда, пас аз муолиҷа дар  беморхона  коронавирусро мағлуб кард.  Замони таваллуд шудани ӯ дар ҷаҳон зукоми испанӣ ҷӯшу хурӯш дошт. Инак, баъди гузашти як аср ин зани солхӯрда ба вируси COVID-19 низ тан надода аз чанголи он халос хӯрд. Айни рухсатӣ шуданаш духтурон ӯро бо кафкӯбӣ гусел карданд.

Дар як наворе, ки дирӯз ОИР «Новости» нашр кард, қаҳрамонаш Иоланда Нерии 100-сола буд, ӯ  чунин гуфтааст: «Ман 4-уми январ 100-сола шудам. Ҷисман солим будам ва то имрӯз бе ягон шиква зиндагӣ доштам. Шуш ва роҳҳои нафаскашиам дуруст шуд. Бадбахтона пойҳоям шикасту дар беморхона андармон шуда мондам».

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here