Иоланда Нерии 100-сола аз Испания буда, пас аз муолиҷа дар беморхона коронавирусро мағлуб кард. Замони таваллуд шудани ӯ дар ҷаҳон зукоми испанӣ ҷӯшу хурӯш дошт. Инак, баъди гузашти як аср ин зани солхӯрда ба вируси COVID-19 низ тан надода аз чанголи он халос хӯрд. Айни рухсатӣ шуданаш духтурон ӯро бо кафкӯбӣ гусел карданд.
Дар як наворе, ки дирӯз ОИР «Новости» нашр кард, қаҳрамонаш Иоланда Нерии 100-сола буд, ӯ чунин гуфтааст: «Ман 4-уми январ 100-сола шудам. Ҷисман солим будам ва то имрӯз бе ягон шиква зиндагӣ доштам. Шуш ва роҳҳои нафаскашиам дуруст шуд. Бадбахтона пойҳоям шикасту дар беморхона андармон шуда мондам».