Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати сиҳати оммаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон шоми рӯзи сешанбе, 4 январ, як гурӯҳи бузурги шаҳрвандони Ӯзбекистон тавассути ҳавопаймои Ширкати миллии ҳавонавардӣ аз Чин ба Тошканд интиқол дода шуданд.

Гуфта мешавад, ки ин гурӯҳро 250 мусофир, 13 сарнишин, ҳамчунин, пизишкон ва мутахассиси соҳаи вирусология ташкил мекарданд. Ҳавопаймо бо хатсайри Пекин-Тошканд сарнишинони худро ба Ӯзбекистон расондааст.

— Қабл аз он ки ин шаҳрвандонро тавассути ҳавопаймо ба кишвар интиқол диҳем, онҳоро шифокорону мутахассисони худамон хеле бодиққат аз назорати тиббӣ гузарониданд. Баъди интиқол низ барои чанд муддат онҳо зери назорати пизишкон қарор хоҳанд гирифт, — мегӯяд яке аз масъулони интиқоли 250 нафар шаҳрванди Ӯзбекистон.

Дафтари матбуоти Вазорати хориҷаи Ӯзбекистон низ дар бораи интиқоли 250 шаҳрванди он аз Пекин ба Тошканд гузориш ироа намудааст. Бино ба он гузориш шаҳрвандоне, ки ба Тошканд интиқол ёфтаанд, дар шаҳрҳои гуногуни Чин машғули фаъолияту тиҷорат ва таҳсил буданд. Гуфта мешавад, интиқолёфтагон дар шифохонаҳои шаҳри Тошканд ва вилояти Тошканд зери назорати хос қарор хоҳанд дошт ва барояшон тамоми дорувории зарурӣ ва хӯрокворӣ ройгон таъмин хоҳад шуд.

Дафтари матбуоти вВазорати хориҷа мегӯяд, ки афроди аз шаҳри Ухан ва минтақаҳои дигари Ҷумҳурии  мардумии Чин ба Тошканд интиқолдодашуда ҳамаи муддати карантинро дар ҷои хос паси сар мекунанд. Дар давоми 14 рӯзи оянда онҳо наметавонанд бо пайвандони худ ва шахсони дигар вориди мулоқот шаванд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here