Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи рӯзноманигорони Афғонистон рӯнамоии китоби тозанашри донишманд ва узви шӯрои роҳбарии Иттифоқи журналистони Афғонистон Аҳмад Фаҳими Кӯҳдоманӣ, таҳти унвони «Интиҳорӣ» доир ва хоҳишмандонро барои иштирок дар он даъват мекунад. Муаррифӣ имрӯз, 17-уми январ, дар толори хурди Академияи васитаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон (кӯчаи Беҳзод 25, ошёнаи якум) соати 14:30 хоҳад шуд ва даромад озод аст.
Масъулини ИЖТ мегӯянд, “Интиҳорӣ” аз саргузашти як ҷавони афғонистонӣ бо исми Ибодулло қисса мекунад, ки бо умеди таҳсил ба мадраса меравад, вале аз боварӣ ва содагии ӯ истифода карда, доираҳои марбут ба гуруҳи “Толибон” ӯро ба доми худ меафтонанд. Ин гуруҳҳои табаҳкор бо шиору таблиғҳои динӣ ҷавонони бехабар аз дину донишро ба ташкилоти худ ҷалб карда, баъдан аз онҳо барои расидан ба ҳадафҳои нопокашон истифода мекунанд. Баъдан бо истифода аз шиканҷа ӯро метарсонанд ва Ибодуллоро ба навор гирифта, маҷбур месозанд, ки макони будубоши сарбозони ҳукуматии афғонро тарконад.
Ёдовар мешавем, ки Аҳмад Фаҳими Кӯҳдоманӣ тӯли чанд сол дар башхи равобити фарҳангии сафорати Афғонистон дар Душанбе фаъолияти пурмасар дошт ва ахиран бо анҷоми симматаш ба Афғонистон баргашт.