Интиқоли оби нӯшокӣ дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, маҳаллаҳои Хуҷамбиёи Боло, Хуҷамбиёи Поён, Шафақ, Мухторов, Нодира ва ҳудуди ноҳияи Сино, маҳаллаи Комсомол аз соати 22:00-и рӯзи 13 марти соли 2018 то соати 23:59-и рӯзи 14 марти соли 2018 қатъ мегардад.

Бо мақсади пайваст кардани қубури хобонидашудаи қутраш 426 мм ба шоҳқубури амалкунандаи қутраш 1200 мм дар иншооти «Маркази барқу гармидиҳии 2» бо инобати муроҷиати ҶСК «МБГ-и шаҳри Душанбе» қарори раиси шаҳри Душанбе дар бораи муваққатан қатъ кардани интиқоли оби нӯшокии шоҳқубури қутраш 1200 мм воқеъ дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ содир шудааст.

Ба раисони ноҳияҳои Сино, Исмоили Сомонӣ ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дастур дода шудааст, ки дар давраи иҷрои корҳои ба нақша гирифташуда бо истифода аз мошинҳои обкашӣ, сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here