Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати дохилаи Ӯзбекистон, ки дар шабакаи телеграм эълон кардааст, 30 январи соли равон дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд ба номи Ислом Каримов ходимони бахши ӯзбекистонии Бюрои марказии миллии Интерпол як шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт кардаанд.

Гуфта мешавад, ин шаҳрванди Тоҷикистон  К.Э., соли таваллудаш 1981 мебошад. Вай дар содир намудани тамаъкорӣ гумонбар шудааст. Ӯро ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон мавриди ҷустуҷӯ қарор додаанд.

Интизор меравад, ки Интерпол шаҳрванди Тоҷикистонро ба ин кишвар истирдод мекунад. К.Э. ҳоло зери назорати ходимони умури интизомӣ қарор дорад ва то замони истирдод дар Тошканд мемонад.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here