6 декабри соли равон дар доираи “Ҳафтаи Иттиҳоди Аврупо-2019 дар Тоҷикистон” бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма, дар меҳмонхонаи  Serena Hotel чорабинии навбатии Internews доир гардид.

Дар ҷараёни чорабинӣ муҳтавои лоиҳаи нави Internews — “Роҳу усулҳои пурзӯр намудани муқовимат ба тундгароӣ ва иттилооти бардурӯғ дар Осиёи Марказӣ тавассути расонаҳои мустақил” баррасӣ шуд. Намояндагони Internews барои иштирокчиёни чорабинӣ тарзи навтарини шинохт ва муносибат ба сарчашмаҳои ахбориро тариқи видиоролик ба намоиш гузоштанд.

Сарпарасти лоиҳаи мазкур Иттиҳоди Аврупо буда, татбиқи он аз ҷониби Интернюз то соли 2021 дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ амалӣ карда мешавад.

Маҳкамзода Маҳкам

Добавить комментарий