Internews дар доираи Барномаи расонаӣ дар Осиёи Марказӣ (MediaCAMP) оғози қабули дархостҳоро барои иштирок дар озмуни нахустини рузноманигорӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ – MediaCAMP Award-ро  эълон менамояд.

Ба озмун маводҳо, сарфи назар аз он, ки дар кадом қолаб ё жанр аст, қабул мешаванд. Муҳим он аст, ки маводҳо дар расонаҳои тоҷикистонӣ, дар кадом шакле, ки бошад (онлайн, чопӣ, радио, ТВ) дар фосилаи байни 1 августи с. 2018 то 31 июли с. 2019 нашр шуда бошанд.

Ҳадафи озмун дастгирии рузноманигорони бомаҳорат ва созандагони муҳтавои мустақил дар Осиёи Марказӣ аст, ки ҳодисаву руйдодҳои дмуҳими ҷамъиятиро инъикос менамоянд. Озмун ба ҳамгироӣ дар рушди муҳити расонаҳои минтақа ва мусоидат ба тамоми намояндагони ҷомеа барои ба даст овардани иттилооти хушсифат нигаронида шудааст.

 Дар озмун рузноманигорони штатӣ ва ғайриштатии расонаҳои давлативу ғайридавлатии Тоҷикистон, фрилансерҳо ва дигар созандагони муҳтаво метавонанд иштирок кунанд. Журналистони расонаҳое, ки аз чониби созмонҳои хориҷӣ маблағгузорӣ мешаванд ё берун аз кишвари иштироккунанда сабти ном шудаанд, наметавонанд дар ин озмун иштирок кунанд. Дархост ба озмун метавонад аз ҷониби худи муаллиф ё расона пешниҳод гардад. Маводҳо чи бо забони русӣ ва чи бо дигар забонҳои маъмули кишвари иштирокчӣ қабул мешаванд.

Добавить комментарий