Маркази таҳлилии британиягии «Институт Legatum” дар сомонаи худ рейтинги некӯаҳволии кишварҳои ҷаҳонро барои соли 2017 нашр кардааст, ки миёни 149 давлати дунё Тоҷикистон дар ин рӯйхат ҷойи 102-юмро ишғол мекунад.

Тибқи таҳлилҳои ин марказ вазъи Тоҷикистон дар бахшҳои  маориф ва амният имсол рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, аз зинаи 100-уми соли гузашта ба зинаҳои 54-ум ва 49-ум боло рафтааст.

Ҳамсояҳои Тоҷикистон дар ин рӯйхат Русия ва Замбия мебошанд, ки дар зинаҳои 101 ва 103-юм қарор доранд. Қазоқистон ҷойи 72-юм ва Белорусия 95-умро гирифтаанд.  Кишварҳои ба мо ҳамсояи Қирғизистон ва Афғонистон дар зинаҳои 82-юму 146-ум истодаанд, вале дар ин рӯйхат аз Ҷумҳурии Узбекистон дарак нест.

Дар панҷ зинаи аввал кишварҳои Норвегия, Зеландияи нав, Финландия, Швейтсария ва Шведсия ҷойгиранд, ки аз давлатҳои мутараққии ҷаҳон шинохта шудаанд.

Натиҷаҳои таҳқиқот дар муқоиса бо якчанд нишондиҳандаҳо ба нӯҳ гурӯҳи алоҳида тақсим шудаанд, ки сифати иқтисодиёт, муҳити соҳибкорӣ, идораи давлатӣ, маориф, саломатӣ, амният, озодиҳои шахсӣ, сармояи иҷтимоӣ ва муҳити зист ба ҳисоб мераванд.

Индекси некӯаҳволии ҷаҳонии Маркази таҳлилии Британияи Кабир  нишондиҳандаи якҷояест, ки ба дастовардҳои кишварҳои ҷаҳон аз ҷиҳати шукуфоӣ шаҳодат медиҳанд ва он аз соли 2006 инҷониб таҳлил карда мешавад. Мақсади омӯзиш ин омӯхтани беҳбудии ҷомеа ва рушди он дар миқёси ҷаҳонӣ мебошад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here