Намояндагии созмони байналмилалии “Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ” (IWPR) дар Тоҷикистон барои беҳтарин инъикосгари масоили ифротгароӣ, ҳуқуқи инсон ва озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон” озмун эълон менамояд.
Маводҳои ба озмун пешниҳодшаванда бояд дар доираи меъёрҳои байналхалқии журналистика таҳия шуда, ҳамчунин нишонаи истифода шудани барномаҳои чандрасонаиро дарбар гиранд. Иштирокчиёни озмун метавонанд бо забонҳои тоҷикию русӣ маводро таҳия намоянд. Ба озмун танҳо ҳамон маводҳое қабул карда мешаванд, ки аз моҳи январи соли 2018 то 30 юми сентябри соли ҷорӣ нашр гардидаанд.
Шартҳои озмун:
— мавод бояд дар мавзӯи ифротгароӣ, ҳуқуқи инсон ва озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон таҳия ва нашр шавад;
— мавод бояд ба талаботи журналистикаи байналхалқӣ (инъикоси воқеъбинона, дақиқ, беғаразона ва бо риояи мувозинат дар пешниҳоди ақидаи ҷонибҳо…) ҷавобгӯ бошад;
— журналист метавонад маводи таҳиякардаашро дар ВАО-е, ки дар он кор мекунад, нашр кунад, вале ӯ ин маводро ҳатман ба ҳамоҳангсози барнома Гулафшон Соқиева барои бознашр дар саҳифаи фейсбукии “Журналистони Тоҷикистон муқобили терроризм” https://www.facebook.com/groups/923055074461692/ ба почтаи электронии дафтари IWPR дар Тоҷикистон iwpr.tajikistan@iwpr.net фиристад;
— ҳангоми таҳия намудани мавод журналист аз воситаҳои муосири иттилоотӣ – коммуникатсионӣ ба хотири гирифтани акс, навор ва сабти садо ҳатман истифода намояд;
— мавод бояд дар шакли мақолаи таҳлилӣ, гузориш, гузориши видеоӣ, мусоҳиба пешниҳод гардад.
Дар озмун ба маводҳое, ки муҳтавои таҳлилӣ доранд ва аз имкониятҳои смартфонҳо истифода шудааст, афзалият дода мешавад.
Барои беҳтарин инъикосгарони мавзӯъ се ҷоиза муайян карда шудаанд:
— Барои ҷои аввал – 500 доллари амрикоӣ;
— Барои ҷои дуввум – 400 доллари амрикоӣ;
— Барои ҷои сеюм – 300 доллари амрикоӣ;
Озмун то 30 — юми сентябри соли 2018 идома ёфта, аз ҷониби ҳакамони беғараз ҷамбаст карда мешавад.
Барои маълумоти бештар лутфан ба намояндагии IWPR дар Тоҷикистон бо нишонии ш. Душанбе, куч. М. Турсунзода, 45, Маркази савдои «Пойтахт», ошёнаи 5, утоқи 516 муроҷиат намоед. Телефон барои тамос: 227 94 75