Як зодаи шаҳри Ҳисор дар шаҳри Хуҷанд бо ҷурми дуздии амволи хонаи ба иҷорагирифтааш боздошт шудааст. Мақомоти милитсия аз ӯ Сайдалӣ Мирови 33-сола ном бурда, зиёни расонидаашро 66 ҳазор сомонӣ ҳисоб кардаанд, хабар медиҳад шабакаи СМ-1.

Аз маркази матбуоти РВКД дар вилояти Суғд ба ин шабака иттилоъ додаанд, ки ин сокини Ҳисор ҳамчун иҷоранишин дар як хонаи бинои 66-и маҳаллаи 13-уми шаҳри Хуҷанд маскан гирифта буд. Гумонбаршаванда ҳар моҳ ба соҳиби хона 1600 сомонӣ иҷорапулӣ пардохт карда, дар баробари ин молу амволи хонаи чорҳуҷрагиро фурӯхта ба эҳтиёҷоти худ сарф кардааст. Вобаста ба ҷинояти дуздӣ бо моддаи 244-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида гумонбаршаванда Сайдалӣ Миров дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Акс аз СМ-1

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here