Нимҳимоятгари дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон Комрон Турсунов бозии аввалини худро дар ҳайати клуби «ТРАУ» аз дивизиони якуми Ҳиндустон анҷом дод.

Дар даври аввали мавсими нави дивизиони якуми Ҳиндустон дастаи Комрон Турсунов бо дастаи «Реал Кашмир» мусовӣ кард — 1: 1. Нимҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон Комрон Турсунов голи ягонаи «ТРАУ»-ро дар ин бозӣ ба самар расонд, ки дар сонияи даҳуми бозӣ буд.

Турсунов аз ин пеш дар ҳайати дастаи «Моҳун Боган» (Ҳиндустон) бозӣ мекард ва бо ин даста дар дивизиони якуми Ҳиндустон пирӯз шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here