Мақомоти Чин ба нобудсозии масҷидҳо ва манораҳо оғоз карданд. Дар ин бора Independent хабар медиҳад.

Тибқи иттилои нашрия, биноҳо дар музофотҳои Ҳенан, Гансу, Муғулистони дохилӣ ва ноҳияи худмухтори Нинся-Хуэйск хароб шудаанд. Аз ҷумла, гунбадҳо ва манораҳо дар як деҳа дар наздикии шаҳри Линсия, ки «Маккаи хурди Чин» номида мешавад, тарконда шудаанд. Дар ин ҷо аз сернуфузтарин халқҳои Чин — мардуми хуэй, ки мусалмонанд, зиндагӣ мекунанд. Ғайр аз он, мақомот се масҷидро дар музофоти Юннан бастаанд ва истифодаи хатти арабиро дар саросари кишвар манъ кардаанд.

Дар моҳи июн мақомоти Чин гузоришҳо дар бораи шиканҷаи маҳбусони уйғурро дар лагерҳо рад карданд. «Иштибоҳ дар он аст, ки «марказҳои таълим ва омӯзиш» ҳамчун лагерҳои консентратсионӣ тасвир карда шудаанд», — шарҳ додааст муовини вазири корҳои хориҷӣ Чжан Ханҳуэ.

Моҳи августи соли 2018 Комиссияи ҳуқуқи башари СММ хабар дод, ки ҳадди аққал як миллион намояндаи ақаллиятҳои қавмӣ дар лагерҳои пӯшида дар ноҳияи мухтори Синтзян Уйғури Чин қарор доранд, ки гӯё бо тарбия фаро гирифта шудаанд. Мардумро маҷбур мекунанд сурудҳои инқилобӣ хонанд, ғояҳои президент Си Ҷинпинро омӯзанд ва бо забони чинӣ, ки забони модарии онҳо нест, сухан гӯянд. Пекин мавҷудияти лагерҳоро ба пешгирии амалҳои террористӣ дар минтақа рабт медиҳад. Ҳамзамон, онҳое, ки таълими ин «тарбия»-ро гирифтаанд, мегӯянд, ки дар урдугоҳҳо одамон шиканҷа мешаванд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here