Имрӯзу фардо бо далели ворид шудани анбӯҳи ҳавои сард ба кишвар дар бештари ноҳияҳои ҷумҳурӣ борону барф дар назар аст. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.

Гуфта мешавад, 18 ноябр дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳӣ рӯзона борон  борида, сипас ба барфи тар мубаддал мегардад. 19 ноябр дар бештари ноҳияҳои ҷумҳурӣ барф борида, дар баъзе минтақаҳои  ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Хатлон бориши бошиддат пешбинӣ шудааст. Дар ин шабонарӯз ҳаво дар ноҳияҳои водӣ-доманакӯҳӣ то 0-5 дараҷа хунук шуда, шаби 19 ба 20 ноябр пастшавии дамои ҳаво дар минтақаҳои водиҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ то 4-9 дараҷа мерасад. Дар вилояти Суғд то 6-11 дараҷа хунук, дар ноҳияҳои кӯҳӣ то 12-17 дараҷа хунукӣ пешбинӣ шудааст. Рӯзҳои 19 ва 20-уми ноябр дар баъзе ноҳияҳо меғ мефарояд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here