10-уми октябр дар Тоҷикистон Рӯзи фалак ҷашн гирифта мешавад. Ба ин хотир, имрӯз дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ба таҳти унвони «Дил, биё як дам кунем ёд аз фалак» барномаи консертӣ баргузор мегардад.
Фалак аз жанрҳои мусиқии суннатии тоҷикӣ буда, ифодагари осмон, кайҳон, сипеҳру афлок, гардун, гардиши рӯзгор, сарнавишт ва амсоли инҳо мебошад. Аз ин лиҳоз, имрӯз жанри мусиқии фалак ҳамчун падидаи нодири ҳунарӣ дар фазои мамлакати соҳибистиқлоламон бо ҷилову садои дилнишин танинандоз гардидааст.
Аз соли 2004 инҷониб бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар мамлакат 10-уми октябр Рӯзи Фалак ҷашн гирифта мешавад.