Гурӯҳи нахустини ҳоҷиёни тоҷик, имрӯз, 20-уми август аз Мадина ба ватан бармегарданд. Дар ин бора Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.

Имрӯз, 20-уми август, гурӯҳи нахустини ҳоҷиёни Тоҷикистон аз тариқи хатсайри Мадина-Хуҷанд ба ватан бармегарданд. Парвози ин гурӯҳи зоирон аз тариқи ширкати ватании «Тоҷик-Эйр» дар назар дошта шудааст. Парвоз соати 06:00 оғоз гардида, интизор меравад, ҳудуди 4 соат идома кунад.

Имсол ду нафар аз ҳоҷиёни Тоҷикистон дар ин сафар аз дунё гузаштанд ва дар макони барои мусалмонон муқаддас ба хок супорида шуданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here