Иҷрокунандаи сархатиб ва имомхатиби расмии панҷвақтаи масҷиди ба номи “Умари Форуқ”-и маҳаллаи 61-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Қутбиддин Розиқов мегӯяд, хабари пешниҳоди Кумитаи динро дар мавриди барканор кардани хатибони феълие, ки хатмкардаҳои донишгоҳҳо дар хориҷи кишвар ҳастанд, тариқи “Ватсап” аз як дӯсташ гирифтааст.

Ӯ мегӯяд, алҳол аз ҷониби Кумитаи дин ва мақомоти марбутаи давлатӣ дар бораи истеъфо на хаттӣ ва на шифоҳӣ ягон амр нагирифтааст.

Номбурда, ки бо исми Мавлавӣ Қутбиддин маъруф аст, дар суҳбат бо Faraj.tj гуфт, хатмкардаи мадрасаи исломии шаҳри Қарочии Покистон — “Дорул улум Қарочӣ” мебошад ва тӯли 8 сол улуми дини Исломро он ҷо азхуд кардааст. Ӯ мегӯяд, пас аз бозгашт имкон нашуд, то дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ҳуҷҷат супорад ва диплом бигирад. Розиқов мегӯяд, пас аз бозгашт ба Ватан аз соли 2007 инҷониб дар масҷиди ба номи “Умари Форуқ” ҳамчун имоми расмии панҷвақта фаъолият дорад.

Беиттилоӣ аз ин дастур аз ҷониби Мавлавӣ Қутбиддин дар ҳолест, ки  Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси кунунии Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон имрӯз, 2 ноябр, дар сӯҳбат бо хабаргузории «Авесто” талаби Кумитаи дин дар мавриди дар зарфи 15 рӯз аз мансаб озод кардани ходимони динии дар хориҷ таҳсилкарда гуфтааст, ҳар коре ки давлат анҷом медиҳад, ба хотири амнияти кишвар ва миллат аст: “Сулҳу субот аз ҳама чизи асосист. Агар Кумитаи дин ҳамчун ниҳоди масъул чунин қарор қабул карда бошад, пас он дуруст аст ва беҳуда қабул нашудааст.”

Сухангӯи Кумита Афшин Муқим гуфтааст, ин дастур на ба ҳамаи онҳое, ки дар хориҷа таҳсил кардаанд, тааллуқ дорад, балки сухан дар бораи дар кадом равия ва бахш таҳсил кардани онҳо меравад. 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here