Имомхатиби масҷиди «Бодомзор»-и шаҳри Тошканд Раҳматулло Сайфиддинов ҳафтаи гузашта дар намози ҷумъа гуфт, шарҳнависонеро, ки зидди назари ӯ дар бораи бастани рӯймол дар муассисаҳои таълимиянд, ба пахтачинӣ хоҳад фиристод.

Ин таҳдиди имом-хатиби ӯзбек дар посух ба танқиди корбароне садо дод, ки ӯро дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар Фейсбук сахт интиқод ва ба саркашӣ аз қонунҳи Ислом айбдор карданд.

«Агар ихтиёр дар дасти ман мебуд, ҳамаи ин шарҳнависонро ба пахтачинӣ мефиристодам. Ҳоло мавсими пахтачинӣ оғоз шудааст. Бигзор рафта, пахта чинанд ва ҳадди ақал кумаке ба давлат хоҳад шуд. Баъди баргашт аз пахтачинӣ дигар тавони телефон ба даст гирифтану навиштанро нахоҳанд дошт», — изҳор дошт ӯ.

Сайфиддинов 2-юми сентябр дар як барномаи телевизионии «Ӯзбекистон-24» аз қарори девони вазирони Ӯзбекистон барои роҳандозии либоси ягонаи мактабӣ дар кишвараш ҷонибдорӣ кард. Ӯ ҳамчунин ба суоли баранда посух дод, ки бастани рӯймоли исломӣ барои хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ то куҷо дуруст аст.

«Бояд кӯдакони мо либоси ягона пӯшанд. Зеро ин яке аз талаботи тарбия аст. Либос ба раванди таълими кӯдакон ҳатман таъсир мерасонад. Он дар зеҳнашон фарҳанги ягонаро эҷод мекунад. Танҳо дар ин сурат, дар миёни онҳо баробарӣ хоҳад буд. Як низом хоҳад буд ва ин қарори хеле хуб аст», — афзуд ӯ.

Суханҳои Сайфиддинов баҳсҳои тундеро дар миёни корбарони Фейсбук ба бор овард. Бархе корбарон ҳато ӯро ба саркашӣ аз қонунҳои Ислом айбдор карданд. Вале имом-хатиб онҳоро «ҷоҳил» ва «туҳматчӣ» номид.

Бар пояи қарори ҳукумати Ӯзбекистон, хонандагони ин кишвар имсол ихтиёрӣ ва аз соли оянда ба таври ҳатмӣ либоси ягона хоҳанд пӯшид.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here