Бонки Эсхата дар ҳамкорӣ бо ширкати мобилии Tcell имконияти нави технологиро барои мизоҷонаш пешкаш мекунад. Акнун мизоҷони Бонки Эсхата, ки ба хизматрасонии «Интернет бонк» пайваст хастанду аз интернет тарофаҳои Tcell истифода менамоянд, бе ягон муаммо ва тамоман ройгон метавонанд амалиётҳои гуногуни бонкиро тариқи онлайн анҷом диҳанд.

Пурра кардани суратҳисобҳо, пардохти хизматрасониҳо, амалӣ кардани дигар амалиётҳои бонкӣ дар «Интернет бонк» бо нигоҳ доштани мегабайтҳои интернет акнун дастрас аст. Ин имконият дар доираи ҳамкории стратегии Бонки Эсхата ва ширкати Tcell баҳри манфиати мизоҷи бонк ва муштариёни ширкати мобилӣ пешкаш карда мешавад. Барои гирифтани маълумоти муфассал оид ба ин хизматрасонӣ ба рақами 808 занг задан метавонед.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here