Аз ҳафтаи гузашта дар Иёлоти Муттаҳида беҳбуди назаррас дар самти паҳншавии коронавируси COVID-19 ба назар расид, гуфт президенти ИМА Доналд Трамп. «Мо нишонаҳои пешрафти назаррасро мебинем», — гуфт Трамп дар нишасти хабарии Кохи Сафед.

— Дар саросари кишвар, шумораи ҳодисаҳо (сироят бо COVID-19) аз ҳафтаи гузашта қариб 6% кам шудааст, — шарҳ дод президенти Амрико. Вай ин нишондиҳандаро «як аломати рӯҳбаландкунанда» номид.

Дар мавриди маркази паҳншавии коронавирус дар иёлоти ҷанубӣ ва ғарбии ин кишвар, ба гуфтаи Трамп, беҳбудиҳо каме ба назар мерасанд. Аз ҷумла, суръати ҳарҳафтаинаи ҳодисаҳои коронавирус дар Аризона 37%, дар Техас 18,7% ва Флорида 21,2% коҳиш ёфтааст.

Президент илова кард, ки дар 18 иёлот, аз ҷумла Аляска, Коннектикут, Иллинойс, Мэриленд, Массачусетс, Мичиган, Монтана, суръати паҳншавии вирус чун пештар паст аст.

Ҳамзамон, Трамп дар бораи зарурати мутамарказ кардани талошҳо барои паҳн нашудани вирус дар як қатор иёлотҳо, аз ҷумла дар Ҷорҷия, Миссисипи, Оклахома, Миссури, Теннеси гуфт, зеро шумораи ҳолатҳои ташхиси COVID-19 дар рӯзҳои охир дар он ҷо афзоиш ёфтааст.

Вай инчунин аз амрикоиҳо даъват кард, ки ба пешгирии хуруҷи вируси нав қоидаҳои фосилаи иҷтимоиро риоя кунанд.

Тибқи иттилои вебсайти омори Worldometers, дар Иёлоти Муттаҳида аз оғози дунёгир шудани коронавирус беш аз 4,8 миллион ҳолати сироятёбӣ ошкор шуда, беш аз 158 ҳазор нафар сироят ёфтаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here