Котиби давлатии ИМА Рекс Тиллерсон шоми 22 август гуфт, ки Кремл ба намояндагони ҳаракати Толибон дар Афғонистон аслиҳа медиҳад. Ин ҳаракат аз сӯи СММ террористӣ эътироф шудааст.
«Русия ба толибон аслиҳа медиҳад. Возеҳ аст, ки ин нодида гирифтани меъёрҳои байналхалқӣ ва меъёрҳои Шӯрои Амнияти СММ аст. Мо бе чуну чаро ба ин кор зиддият мекунем ва таваҷҷуҳи Русияро ҷалб кардан мехоҳем. Агар, ҳар кӣ мехоҳад ба Афғонистон аслиҳа диҳад, бояд ин корро тавассути ҳукумати он кишвар ба иҷро расонад», — афзудааст Тиллерсон.
Дар ҳамин ҳол, котиби давлатии ИМА гуфтааст, ки кишвараш аз гуфтугӯҳои Кобул бо толибон барои қатъи ҷанг дар минтақа пуштибонӣ мекунад. Ҳатто дар сурате, ки ба толибон пирӯз шудан имкон набошад ҳам, роҳи ҳалли сиёсӣ пайдо хоҳад шуд, гуфта шудааст дар изҳороти Тиллерсон.
Дар бораи он ки Русия дар Афғонистон фаъолона амал мекунад, ибтидои соли ҷорӣ хабар расид. Он замон вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфта буд, «Толибон» — дар Афғонистон нерӯе ҳастанд, ки бояд мадди назар бошанд ва ба ин тартиб қонунӣ будани ин сохторро эътироф кард”.
Вазорати хориҷии Русия то ин замон ба гуфтаҳои Тиллерсон вокуниш нишон надодааст. Пештар аз ин низ Кремл додани аслиҳаро ба толибон рад мекард. Дар зимн, Русия ба ҳукумати Афғонистон силоҳ медиҳад.