Аз ин пас Вашингтон нуқтаҳои аҳолинишини Исроил дар қаламравҳои ишғолшудаи Фаластинро қонунӣ мешуморад. Дар ин бора сардори Департаменти давлатии ИМА Майк Помпео хабар додааст, менависад ТАСС.

Ба гуфтаи вай, маъмурияти Доналд Трамп рӯйкарди президенти пешин Барак Обама нисбат ба нуқтаҳои аҳолинишини Исроилро таҷдиди назар кардааст. Роҳбари дипломатияи амрикоӣ гуфтааст, ки аз ин пас, бунёди шаҳракҳои мулкии исроилӣ дар соҳили ғарби дарёи Урдун «қонунҳои байналмилалиро вайрон намекунад».

Ҳамзамон, Помпео қайд кардааст, ки Иёлоти Муттаҳида ба кадом ҷониб тааллуқ доштани ин қаламравро муайян намекунад. Ба гуфтаи вай, исроилиён ва фаластиниён бояд ин корро кунанд.

Инҷоро Исроил дар давоми ҷанги шашрӯзаи соли 1967 ишғол карда буд. СММ мавҷудияти сукунати яҳудиён дар ин қаламравро ғайриқонунӣ ва хилофи қонунҳои байналмилалӣ меҳисобад. 23 декабри соли 2016 Шӯрои Амнияти Милали Муттаҳид қатъномаеро қабул кард, ки талаб мекунад, ки сохтмони мавзеъҳои яҳудиён дар қаламравҳои ишғолшудаи Фаластин қатъ карда шавад.

Ҳуҷҷат аз ҷониби ҳамаи аъзои Шӯрои Амният дастгирӣ карда шуд, ба истиснои намояндаи бетарафи Иёлоти Муттаҳида. Ерусалим аз иҷрои ин тасмим худдорӣ кард ва чанде пас сарвазири Исроил манъи сохтани хонаҳо дар Ерусалими Шарқиро лағв кард.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here