Дирӯз маросими савгандёдкунии президенти 46-уми Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷозеф Байден баргузор шуд. Байдени демократ дар интихоботи моҳи ноябри соли 2020 бар рақиби ҷумҳурихоҳи худ, президенти акнун собиқи ИМА, Доналд Трамп пирӯз шуда буд.

Президенти ИМА Ҷо Байден дар рӯзи савгандёдкунӣ чанд фармони Доналд Трампро бекор кард. Вай хабар дод, ки Иёлоти Муттаҳида ба Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) ва Созишномаи иқлимии Париж баргашт. Сарвари давлати ИМА инчунин сохтмони деворро дар марз бо Мексика қатъ кард, фармони манъи вуруди шаҳрвандони як қатор кишварҳои мусулмониро бекор сохт, мардуми кишварашро ба риояи режими москзанӣ даъват кард.

Байден дар рӯзи савгандёдкунӣ ин фармонҳоро имзо кард:

— дар бораи бекор кардани вазъияти фавқулодда вобаста ба вазъ дар марзи Мексика;

— баргаштан ба СҶТ;

— бозгашт ба Созишномаи иқлимии Париж;

— дар бораи бекор кардани манъи вуруди шаҳрвандони як қатор кишварҳои мусулмонӣ;

— боздоштани сохтмони лӯлаи Keystone XL бо Канада;

— дар бораи режими моск — он талаб мекунад, ки мардум дар ҳама ҷо дар тӯли 100 рӯз моск пӯшанд ва уҳдадориҳои москзанӣ дар ниҳодҳои давлатӣ.

Илова бар ин, Байден 20-уми январро ҳамчун Рӯзи ваҳдати миллӣ эълон кард. Эъломия дар сайти Кохи Сафед нашр шудааст. «Имрӯз мо пирӯзии демократияро пас аз интихоботе ҷашн мегирем, ки дар он беш аз ҳарвақта дар таърихи мо шумораи зиёди амрикоиҳо овоз доданд ва дар натиҷаи он иродаи мардум шунида ва амалӣ карда шуд», гуфта мешавад дар ҳуҷҷат.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here