Агарчӣ аз маргу мири моҳиёни дарёи Шинги ҷамоати деҳоти Шинги шаҳри Панҷакент 10 рӯз сипарӣ мешавад, вале то ба ҳол иллати марги моҳиён аз ҷониби ташхисгарон муайян нашудааст.

Раиси муҳити зисти шаҳри Панҷакент Ашраф Ғафуров дар нишасти матбуотии раиси шаҳр  Шафеиён Ислом Зиёзода зимни посухи хеш ба рӯзноманигорон оиди фавти моҳиён гуфт: “Дар ҳақиқиқат рӯзи 16-уми июл аз рӯи санҷиши кормандони муҳити зист 20 адад моҳӣ бо сабабҳои номаълум фавтида будааст”.

Вай афзуд, оиди ин ҳодиса кормандони муҳити зисти вилояти Суғд ва коршиносони ҳирфаӣ як ташхиси вижаи экологӣ гузаронидаанд, ки ба қавли ӯ то охири ҳамин ҳафта натиҷаи он муайян мешудааст.

Ҷаноби Ғафуров ҳамчунин арза дошт, ки аз рӯи санҷишҳои пешакии кормандонаш якҷо бо мутахассисони корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин оид ба истихроҷи тило дар шаҳри Панҷакент гӯё ҳеҷ гуна заҳролудкунии дарёи Шинг  аз ҷониби корхонаи истихроҷи оҳаксанг мушоҳида нашудааст. Ба қавли ӯ, ин моҳиён аз ягон фалокати табиӣ ба мисоли селрезӣ ки ҳамон шаб гӯё дар он минтақа ба вуқӯъ омадааст, ё баландшавии рӯди Шинг аз гармии бесобиқаи чанд рӯзи охир ва тагу рӯ шудани сангҳои дохили дарё рух додааст.

Аммо дар ҳамин ҳол, Ислом Зиёзода раиси шаҳри Панҷакент афзуд, ки ин ҳодиса таҳти назорати ӯ қарор дорад ва баъди гирифтани натоиҷи ташхиси экологии муҳити зисти вилояти Суғд, ӯ ҷавоби расмии хешро роҷеъ ба маргу мири моҳиёни дарёи Шинг хоҳад дод.

Шоҳин Облоқулов,

Фараж, Панҷакент

 

 

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here