ё чанд андешае дар ҳошияи зодрӯзи дӯстам Нуриддин Қаршибоев

Аз сахткушиву заҳматкашии дӯсти донишгоҳиям Нуриддин Қаршибоев наметавон тааҷҷуб накард. Ҳар гоҳе ба дафтари корияш сар мезанам, ҳамеша ӯро машғули кор  меёбам. Ё чизе мехонаду менависад ва ё чизеро таҳрир мекунад. Борҳо аз забонаш ба сулолаи оҳангарон тааллуқ доштанашро шунидаам ва аз ин бобат дар чеҳрааш осори ризояту ифтихорро эҳсос кардаам.  Дар ҳақиқат, оҳангарӣ яке аз пешаҳои заҳматталаб ва маҳоратҳои хоси башар дар тӯли таърих буда, бе муҳобо, бахше аз ҳувият ва фарҳанги мардуми тоҷикро ташкил медиҳад. Нуриддин заҳматпешагӣ ва таҳаммул дар баробари сахтиҳои корро аз гузаштагони оҳангари хуб мерос гирифтааст.

Касби рӯзноманигорӣ низ ба масал оҳангарист. Агар оҳангар маводи кораш, яъне пораҳои оҳанро ба сандон гузораду бо доғ кардану кӯбидан омода кунад, пас рӯзноманигор низ  маводи кори худро, ки сухан аст, дар сандони тафаккуру андешааш обу тоб ва сайқалу пероиш  медиҳад.  Бинбар ин метавон гуфт, ки Нуриддин бо ҳунари “сухангарӣ дар ҳавзаи матбуот” ба гунае  иртиботи худ бо пешаи ниёкони оҳангарашро ҳифз кардааст

Ҳудуди сӣ моли пеш бо фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ Тоҷикистон мустақил шуд. Ҷумҳурии мустақилро чӣ тавр метавон бидуни васоити ахбори мустақил  тассаввур  кард? Дар кишвар ба зудӣ расонаҳои гуногуни мустақил ба фаъолият шуруъ намуданд. Ба сурати табиъӣ бар сари роҳи онҳо  ҳамарӯза мушкилоту монеъаҳои зиёде қарор мегирифт. Дар чунин як шароите Нуриддин, ба истилоҳ, бо пайравӣ аз ҷадду ниёи бузурги худ Коваи оҳангар ба хотири  пуштибонӣ аз расонаҳои мустақил ва кумак ба ҳаллу фасли мушкилоти онҳо парчамро афрохт ва дар соли 1999 бо шуморе аз ҳампешагони худ Анҷумани миллии васитаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистонро (АМВАОМТ) таъсис дод.

АМВАОМТ вобаста ба масоилу мушкилоти расонаҳои мустақил кору фаъолияти худро роҳандозӣ  кард. Аввалин масъалае, ки ба он таваҷҷуҳ  нишон дод, сатҳи пасти малакаву дониши ҳирфаии рӯзноманигорони васоити ахбори мустақақил буд. Барои ислоҳи вазъият Анҷуман барои рӯзноманигорон  давраҳои омӯзишӣ ва дарсҳои маҳорати касбӣ  ташкил кард. Аз дохилу хориҷ рӯзноманигорону коршиносни ботаҷрибаро даъват кард, то бо ташкили барномаҳои назариву амалӣ ба беҳбуди сатҳи малкаи касбии ҳампешагони худ аз расонаҳои гуногун, махсусан мустақил ёрӣ расонад. Илова ба он, рӯзноманигорон барои ширкат дар ҳамоишу давраҳои омӯзишӣ ба кишварҳои хориҷӣ фиристода шуданд. Инчунин Анҷуман барои баланд бардоштани маҳорати ҳирфаӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва этикаи касбии  рӯзноманигорон даҳҳо китоб, брашура, дастури методӣ таҳия ва чоп карда, ба сурати  марҷонӣ дар ихтиёри онҳо қарор додааст.

Ҳангоме, ки рӯзноманигорон барои ба даст овардани  маълумоти  зарурӣ  бо монеъаҳои сохтаи мансабдорони бюрократ дучор шуданд, таҳти роҳбарии Нуриддин Анҷуман мониторинги нақзи ҳуқуқи журналистон ва озодии сухан таъсис дод, ки чанд сол аст фаъолият намуда, даҳҳо далели поймолкунии ҳуқуқи журналистон ва нақзи озодии суҳанро ошкор кардааст.

Тайи ин ҳама солҳо АМВАОИТ на танҳо бо дониши ҳуқуқӣ мусаллаҳ гардондани рӯзноманигорон машғул буд, балки дар ҳолати ба ҷавобгирӣ кашидани онҳо аслитарин ҳомияшон ба шумор мерафт. Насли миёна ва калонсоли рӯзноманигорони тоҷиқ қазияҳои пурсару садои марҳум Ҷумабой Толиб (ёдаш ба хайр!)  “Нерӯи сухан”, “Овоза” ва ва ғайраро хуб дар хотир доранд.

Нуруддин Қаршибоев яке аз намояндагони созмонҳои расонаии кишвар аст, ки зиёд ба хориҷа сафар мекунад. Бар он боварманд аст, ки ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз кишвар берун меравад, хоҳ бо ҳадафи маъмурият бошаду хоҳ ба хотири муҳоҷирати корӣ, нақши фиристода ва сафири тоҷикро дорад. Зеро ҳар касе бо онҳо бархурд мекунад, кишвару миллатамонро аз рӯи рафтору кирдори онҳо баҳо медиҳанд. Хушбахтона, Нуриддин Қаршибоев ҳамеша ва дар ҳар гушае аз дунё аз кишвару миллати мо симои мусбат ва дархури эҳтиром муаррифӣ кардааст.

Ҳамасола бо даъвати АМВАОИТ даҳҳо коршиносу рӯзноманигори кишварҳои гуногуни дунё дар мизҳои гирд, давраҳои омӯзишӣ ва дигар чорабиниҳои анҷуман ширкат карда, бо тассуроти хуб бармегарданд, ки ин нукта барои кишвари мо орӣ аз манофеъ нест.

Имрӯзҳо дар журналистика барои тақвияти фикр ва таъйиди матлаб овардани  иқтибос аз коршиносону мутахассисон муд шудааст. Мо бо риояти ин суннат аз Мухтор Боқизода, рӯзноманигори хушноми кишварамон, чанд ҷумлаеро иқтибос мекунем: “Журналистика аз худ гузаштан аст. Нуруддин низ аз худ гузашта, барои ҳимояи ҳамкасбонаш сару садо баланд кардааст. Ӯ як нафари ҷӯянда, беқарор ва соҳиби диду андешаи худ мебошад. Вай  дар омӯзиши  ҳамкасбони худ оид ба навгониҳои  соҳаи ВАО саҳми назаррасе дошта, пайваста курсҳои омӯзишии такмили ихтисосро барои рӯзноманигорони соҳавӣ роҳандозӣ намудааст.

Дар ҳимояи рӯзноманигорон  дар мурофиаҳои судӣ ширкат варзида бо роҳҳои ҳуқуқӣ аз онҳо дифоъ ба амал овардааст. Ҳама замон аз минбарҳои баланди байналхалқӣ баромад карда, мавқеи журналистикаи тоҷикро ҳимоя намуда, оид ба дастоварди соҳаи ВАО ва кадрҳои болаёқати рӯзноманигорӣ суханрониҳо намудааст. Хизматҳои Нуриддин ва ташкилоти ӯ аз кори як институти соҳавӣ  бузургтару назаррастар буда, далолат аз кордониву масъулиятшиносии ӯро дорад.”

Нуруддин Қаршибоев шахси  даствасеъ ва ёвару мададгори ҳамкасбону ёру дӯстон аст. Дари хонаи ӯ ҳамеша барои дӯстону пайвандон боз аст ва ҳар кумакеро, ки  аз дасташ меояд, барои онон дареғ намедорад. Мо ҳамсабақон баъзан байни худ шӯхи карда, ӯро “Ҳотами Тойи сонӣ” меномем.

Дар поён дӯсти азизи худро ба муносибати 60 солагиааш таҳният гуфта, барои ӯ аз даргоҳи Иллоҳӣ фақат тани сиҳату хотири ҷамъро талаб дорам, зеро ҳама чизи дигарро бо заҳмату талоши ҳамарӯзааш ба даст овардаву меорад.

Неъмати Неъматзода

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, нашрияҳои “Фараж”, “Самак”, “Ману ту”, сайти интернетии www.faraj.tj, Оҷонсии иттилоотии “Суғднюс” ба ин табрикот ҳамраҳ гардида, устод Нуриддин Қаршибоевро бо шастсолагиашон муборак бод менамоянд!

 Ҳамеша чун дирӯзу имрӯз дар пайи ҳифзи ҳуқуқи журналистони тоҷик ҷоннисор бошед!

1 бинависед

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here