Дар натиҷаи муноқишаи навбатӣ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон як нафар кушта ва чандин тан аз ҳарду ҷониб захмӣ шудаанд. Ин дар ҳолест, ки қарор аст, президентҳои ду кишвар дар ин минтақа дидор ва гуфтушунид кунанд. Дар ин бора Маркази матбуоти Қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад.

Ба иттилоъи манбаъ, тахминан соати 16:35 дақиқа симчубе, ки дар ҳудуди ҷамоати Ворух парчами давлатии Тоҷикистон аз ҷониби президентҳои ду кишвар овезон карда буданд, шаҳрвандони Қирғизистон монеа шуда, худсарона заминро кофта, навиштаҷоти «Оқсой» ва парчами кишварашонро насб карданд. Азбаски шаҳрвандони Қирғизистон ин амали худро дар ҳудуди қаламрави Тоҷикистон анҷом доданд, сокинони Ворух ба онҳо мухолифат кардаанд ва дар натиҷа миёни сокинони ду кишвар муноқиша ба амал омад.

Манбаъ меафзояд, ки қирғизҳо дар баробари сангпартоӣ, инчунин аз силоҳ истифода бурданд, ки бар асари тирпарронӣ 1 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон сокини ҷамоати Ворух Қараев Ҷалол, соли таваллудаш 1967 ба ҳалокат расида, 3 нафари дигар маҷрӯҳ  шуданд. Инчунин, дар пайи сангпартоӣ 7 шаҳрванди Тоҷикистон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона интиқол ёфтанд.

Шаҳрвандони Қирғизистон аз фурсат истифода бурда, ғайриқонунӣ роҳи «Исфара-Ворух»-ро бастанд.

Айни замон намояндагони расмии ниҳодҳои сарҳадбони Тоҷикистону Қирғизистон ва дигар мақомоти дахлдори ҳарду кишвар дар ҷойи ҳодиса қарор доранд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here