Дар бораи марги актёр аз Театри драмавии Маскав, ки ба он Ҷигарханян сарварӣ мекард, хабар дода шуд. Дӯсти ҳунарпеша Артур Согомонян ин хабарро ба Интерфакс тасдиқ кардааст: «Мутаассифона, Армен Борисович даргузашт. Зарабони қалбаш соати шаши субҳ қатъ шуд».

Дар миёнаҳои моҳи август канали Mash Telegram хабар дод, ки актёр ва коргардони маъруф Армен Ҷигарханян дар шуъбаи эҳё қарор дорад.

Тибқи иттилои расонаҳо, актёр ба беморхона бо сабаби шиддат гирифтани бемориҳои дилу раг ва норасоии гурда дар заминаи маризии қанд бистарӣ шудааст. Дӯсти ҳунарпеша Артур Согомонян гуфтааст, ки бистарӣ кардан фаврӣ набуд. Ба гуфтаи ӯ, Армен Борисович аз ташхиси нақшавӣ мегузаштааст. Аз шабакаҳои иҷтимоӣ маълум шуд, ки актёр ҷарроҳии қалбро пушти сар кардааст.

Ҳунарманди халқии СССР бори аввал нест, ки дар шуъбаи эҳё қарор мегирад. Аз охири соли 2017 вазъи ӯ якбора бад шуд. Ин ҳама ба далели муноқиша бо ҳамсари собиқи ҳунарпеша — Виталина Симбалюк-Романовская ба вуқӯъ омадааст. Ғайбатҳои бешумор ба саломатии Ҷигарханян таъсири манфӣ расонданд ва боиси шиддат гирифтани маризии қанди ӯ шуданд.

8 июни соли 2020 шабакаи Baza Telegram хабар дод, ки актёр сактаи мағзӣ кардааст.

Ҳунарманди театр ва кинои Шӯравӣ ва Русия, Ҳунарманди халқии СССР Армен Ҷигарханян 3 октябри соли 1935 дар Ереван (Арманистон) таваллуд шудааст. Аз соли 1955 то 1967 дар Театри драмавии русии ба номи К.Станиславский дар Ереван кор кардааст.

Соли 1967 ӯро А.В.Ефрос ба Театри комсомоли ленинии Маскав даъват кардаааст, ки дар намоишҳои «Молйер», «Ба наворгирии филм», «Дуди ватан» ва ғайра нақш бозидааст.

Аз соли 1969 то 1996 яке аз ҳунармандони барҷастаи Театри Маяковский буд.

Соли 1996 ӯро ба труппаи Театри Ленком қабул карданд. Солҳои 1991-1996 дар ВГИК актёрӣ дарс додааст.

Соли 1996 дар асоси дарсҳои омӯзишии худ Армен Ҷигарханян Театри драмавии Маскавро таъсис дод.

Дар соли 1960, актёр аввалин нақши худро дар нақши Акоп дар филми «Обвал» оғоз кард ва яке аз беҳтарин нақшҳои филмии ӯ — физики ҷавон Артем Манвелян аз филми коргардон Фрунзе Довлатян «Салом, ин ман!» ба Армен Ҷигарханян шуҳрат овард.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here