Дар деҳаи Навободи ноҳияи Бӯкаи вилояти Тошканди Ӯзбекистон маросими тантанавии кушодашавии мактаби дуюми тоҷикӣ баргузор гардид. Дар он намояндагон Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ таҳти раёсати Ҷаъфари Муҳаммад, собиқадорони касбу кори омӯзгорӣ, вакилони шӯъбаи таълими халқ, идораи корҳои дохилии ноҳия ва падару модарон ширкат карданд.

Баъд зери садои дафу доира  ва карнаю сурнай маросими лентабурӣ ба вуқӯъ пайваст.

— Дар ин рӯзҳо мо шоҳиди кушодашавии чанд дабиристони тоҷикӣ дар соири вилоятҳои кишварамон мешавем. Ин  иқдомоти хурсандибахш бар асоси сиёсати неку хирадмандонаи сарвари давлатамон ҷаноби Шавкат Мирзиёев ба вуқӯъ мепайванданд. Дар айни ҳол теъдоди мактабҳои тоҷикӣ ва омехтаи ҷумҳурии мо аз 255 адад зиёд шудааст. Минбаъд талош ба харҷ хоҳем дод, ки теъдоди синфу мактабҳои тоҷикӣ дар мамлакати мо беш аз пеш рӯ ба афзоиш оваранд, — изҳор кард дар маросим Ҷаъфари Муҳаммад.

— Кушодашавии ин мактаби тоҷикиро ҳодисаи муҳими фарҳангӣ арзёбӣ мекунам ва ин навгонии хурсандибахшро ба тамоми сокинони Навобод табрик мегӯям. Умедворам, ки ин маскани дониш дар таълиму тарбияи шогирдони босаводу фарҳангдӯст ва меҳанпараст нақши муҳим мебозад, — гуфт мудири шӯъбаи ҳаёти мактаби рӯзномаи “Овози тоҷик” Хусрав Ҳамидов.

Вақте суруду мусиқии тоҷикӣ ба чор атроф танин андохт, саҳни кушоди мактаб аз омӯзгорону шогирдон ва падару модарон пур шуд. Онҳо бо шодиву нишот машғули рақсу бозӣ шуданд.

— Дар мактаби нави мо, ки таҳти рақами 43 фаъолияти худро оғоз намудааст, беш аз 250 нафар фарзандони мардуми навободӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ба онҳо бист нафар омӯзгори соҳиби маълумоти олӣ таълиму тарбия медиҳанд. Ба синфи якум бист нафар кӯдаки синни ҳафтсоларо қабул кардем, — гуфт директори ин дабиристон Абдувосеъ Рабиев.

Мирасрор Аҳроров,

мухбири махсуси “Фараж”, Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here