IFC, узви Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ, дар ҳамкорӣ бо Бонки Миллии Тоҷикистон дар Душанбе барои ёрӣ ба кишварҳои Қафқоз, ОМ ва Аврупои шарқӣ форум ташкил кард.

Ин чорабинӣ ба пешрафти ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ барои дастрасии бештар мусоидат намуда, як қадами муҳим ба пеш дар рушди иқтисоди кишварҳо арзёбӣ гардид.

Форуми дурӯза дар мавзуи  “Роҳ ба сӯи иқтисодиёти ғайринақдӣ: инноватсия-инфрасохтор-дастрасии фарогир” 250 нафар роҳбарони бонкҳои марказӣ, муассисаҳои молиявӣ, таъминкунандагони хизматрасониҳои пардохт ва ширкатҳои технологиро аз 15 кишвари дунё ба ҳам овард. Онҳо тамоюлҳоро дар истифодаи усулҳои пардохти электронӣ муҳокима намуда, роҳҳои   амалӣ гардондани дастрасии фарогири молиявиро таҳлил карданд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода гуфт, «Воридшавӣ ва ҷоришавии технологияҳои муосири рақамӣ дар бахши молиявию бонкӣ нисбатан зудтар амалӣ мегардад ва дигар бахшҳоро ҳавасманд карда, ҷалб менамояд. Таъмини фаъолияти самарабахши низоми пардохти кишвар яке аз омилҳои калидии фаъолияти босубот ва босуръати низоми бонкӣ ва дар маҷмуъ иқтисодиёти кишвар аст”.

Роҳбари минтақавии IFC дар Осиёи Марказӣ Кассандра Колберт омодагии  низоми молиявии ҷаҳониро барои инноватсияҳо нек арзёбӣ намуда, гуфт танҳо пешрафти технологӣ барои фарогирии молиявӣ кифоя нест.

— Зиёда аз ин, тавассути кӯшиши як ҷониб комёбӣ ба даст намеояд. Барои нигоҳ  доштани саъю кӯшиши бахши хусусии иқтисодиёт ва васеъ кардани дастрасии васеи аҳолӣ талошҳои якчанд тарафҳо лозим аст. Бинобар ин,  ба худи мо вобаста аст, ки чӣ тавр ба пеш қадами нав гузорем, — гуфт К. Колберт.

Конфронси мазкур дар чорчӯбаи Лоиҳаи хизматрасониҳои молиявии электронӣ ва рақамӣ гузаронида шуд, ки аз тарафи IFC дар Озарбойҷон, ҷумҳурҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон татбиқ мегардад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here