Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ҳанӯз санаи баргузории Иди Қурбонро эълон накардааст.

Раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдулқодирзода ба ИА «Авеста» гуфтааст, ки 24-уми август ҷаласаи Шӯро баргузор мегардад ва дар он санаи дақиқи баргузории Иди Қурбон маълум карда мешавад.

Имсол, Иди Қурбон ба рӯзи 1-уми сентябр рост меояд ва дар саросари ҷаҳон дар ҳамин рӯз аз ин иди мусалмонон ҷашн гирифта мешавад.

Овозаҳо дар бораи он, ки Иди Қурбон дар рӯзи 2-уюми сентябр дар Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, аз ҷониби ягон ниҳоди марбута тасдиқ нашудааст. Гуфта мешуд, ки ба рӯзи 1-уми сентябр рост омадани Иди Қурбон ва Рӯзи Дониш – оғози таҳсил дар мактабҳои Тоҷикистон, шояд боис шавад, ки баргузории аввалиро ба рӯзи дуюми ҳамин моҳ гузоранд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here