Дар Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонгир шудани коронвирус ба баргузории барномаҳои фарҳангиву варзишӣ ва сайругашти идона дар Иди Наврӯз иҷозат дода шуд.
Ситоди ҷумҳуриявии пурзӯр кардани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID–19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади арҷгузорӣ ва эҳтиром ба фарҳанги ниёгон ва арзишҳои миллӣ ба гузаронидани барномаҳои фарҳангиву варзишӣ ва сайругашти идона ба муносибати ҷашни байналамилалии Наврӯз, ба истиснои намоишҳои театрикунонидашудаи оммавӣ дар варзишгоҳҳо бо дарназардошти риояи талаботи қоидаҳои беҳдоштӣ ва зиддиэпидемӣ иҷозат додааст.
Ситод таъкид кардааст, ки сарфи назар аз дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудани сироятёфтаҳои коронавирус қоидаҳои гигиенаи шахсиву ҷамъиятӣ ва маслиҳату тавсияҳои табибону мутахассисонро қатъиян риоя шаванд.
Дар тасмими Ситод гуфта мешавад, ки вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҳангоми баргузории чорабиниҳои идона ба исрофкориву зиёдаравӣ роҳ надиҳанд.
Вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, корҳои дохилӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар ҷараёни таҷлили ҷашни байналамилалии Наврӯз риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, амният ва тартиботи ҷамъиятиро таъмин кунанд.