Шӯрои уламои Тоҷикистон мегӯяд, санаи дақиқи иди Фитрро дар ҷаласаи Шӯро то ду рӯзи дигар маълум хоҳад кард, вале бо эҳтимоли 80-дарсадӣ ид ба рӯзи чоршанбеи 5-уми июн рост меояд.

Ин дар ҳолест, ки чанд рӯзи охир миёни мардум овозаҳо дар мавриди рӯзи сешанбеи 4-юми июн баргузор гардидани иди Фитр зиёд аст.

Аз ин ниҳод дар суҳбат ба «Фараж» гуфтанд, феълан ҳисобҳо аз рӯи тақвими дар сомонаи Шӯрои уламо пешниҳодгардида 80 дарсад эҳтимол дорад, ки иди Фитр рӯзи 5-уми июн баргузор гардад.

— Рӯзи шанбе, 1-уми июн, соати 11 ҷаласаи Шӯрои уламо баргузор мегардад ва баъдан санаи дақиқи рӯзи иди Фитр эълон карда мешавад. То он рӯз хулосаи Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта мешавад, — гуфтанд аз Шӯрои уламо.

Ёдовар мешавем, ки моҳи Рамазон имсол аз рӯзи душанбеи 6-уми май оғоз шуд. Шӯрои уламои Тоҷикистон мувофиқи ҳисоби шаръӣ нисоби закот, садақаи фитр ва  фидяи савмро муайян кард:

  1. Закот аз 20000 сомонӣ 500 сомонӣ
  2. Садақаи фитр 5 сомонӣ сари ҷон
  3. Фидяи савм барои нафароне, ки узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ба миқдори 300 сомонӣ барои 30 рӯз. Барои як рӯз 10 сомонӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here