6-уми марти соли 2020 дар шаҳри Душанбе Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Семинари ҷомеаи шаҳрвандии ИА ва Тоҷикистонро баргузор менамояд. Мавзуи асосии муҳокима «Тавсеаи ҳуқуқу имкониятҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии занону духтарон дар Тоҷикистон» мебошад.

Зиёда аз 80 намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳукумати Тоҷикистон, инчунин коршиносони соҳаи гендер аз ИА ва Осиёи Марказӣ камбудиҳо ва мушкилоте, ки занон ва духтарони ҷавон дар Тоҷикистон дучор мешаванд, муҳокима хоҳанд кард.

Ҳамчунин, семинар барои мубодилаи таҷриба байни ташкилотҳои ғайриҳукуматии Тоҷикистон, ки дар масъалаҳои марбут ба гендер ва бахусус тавонмандсозии иқтисодии занон кор мекунанд, заминаи мусоид фароҳам меоварад. Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ таҷрибаҳои пешқадами худро оиди тавсеаи ҳуқуқҳои иқтисодии занон дар Тоҷикистон ва нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин раванд мубодила хоҳанд кард. Онҳо инчунин имконот ва норасоиҳои мавҷударо дар сиёсате, ки нисбат ба тавонмандсозии иқтисодии занону духтарон равона гардидааст, баҳогузорӣ хоҳанд намуд.

Сафир, роҳбари Намояндагии ИА дар Тоҷикистон Мэрилин Йосефсон мегуяд, ки Иттиҳоди Аврупо ва давлатҳои аъзои он дар ҳимоя ва риояи ҳуқуқҳои инсони занон ва духтарон ҳамеша пешқадаманд. «ИА пайваста барои такмил додани биниши ҳассос нисбат ба масъалаи гендер дар ҷомеа кӯшиш менамояд. Ин метавонад ҳам ба тариқи дастгирии рушди деҳот ва соҳибкории хурд дар Тоҷикистон, мусоидат дар соҳаи маориф ва тандурустӣ ва ҳам ба тариқи мусоидат ба эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон амалӣ карда шавад. Ҳар амалиёте, ки мо дар Тоҷикистон анҷом медиҳем, мушкилоти бисёреро, ки занон ва духтарон рӯ ба рӯ мешаванд, ба назар мегирад, аз ҷумла мубориза бо нобаробарии гендерӣ дар соҳаи иқтисодӣ ва пешгирии зӯроварии хонаводагӣ. Иттиҳоди Аврупо омода аст ба Ҳукумати Тоҷикистон дастгирии пурраи сиёсӣ ва молиявии худро барои коҳиши нобаробарии гендерӣ ва пешбурди тавонмандсозии занони тоҷик ва инчунин ҷалби онҳо дар тамоми самтҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар бирасонад».

Семинари ҷомеаи шаҳрвандӣ як ҷузъи муколамаи ҳамасолаи ҳуқуқи инсон мебошад, ки байни Иттиҳоди Аврупо ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасии доираи васеи масоили ҳуқуқи инсон баргузор карда мешавад. Яке аз ҳадафҳои асосии семинар ин таҳияи тавсияҳои умумии ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад, ки баъдтар аз ҷониби ИА омӯхта шуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here