Нурализода Нуралӣ дар вазифаи иҷрочии калони Суди ноҳияи Бохтар кор карда, дар давоми фаъолияти кориаш бо мақсади ба даст овардани фоида бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд «А» даромада, барои аз манзили истиқоматиаш кучонидани ҳамсараш 10.000 сомонӣ талаб кардааст.

Вай аз маблағи талабнамудааш 4000 сомониашро гирифта, овардани 6000 сомонии бақияро талаб кардааст.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Нурализода Нуралӣ Тоҳир хангоми аз шаҳрванд «А» гирифтани маблағи 6000 сомонӣ дар ҷойи ҳодиса дастгир гардида, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд, хабар медиҳад маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия.

Вобаста ба ҳолатҳои зикргардида нисбати Нурализода Нуралӣ Тоҳир бо моддаи 247, қисми 3, банди «а»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда , тафтишоти пешакии он идома дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here