Имрӯз, 19-уми май, риштаи умри Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, устоди санъат Хуршед Алидод дар синни 84-солагӣ канда шуд.

Хуршеди Алидод аз тоҷикони Афғонистон аст, ки дар соли 1958, замоне, ки 20 сол дошт, тарки зодгоҳ карда ба Тоҷикистон омад. Дар Тоҷикистон дар оғоз ӯро зиндонӣ карданд, аммо баъдан чун ҳунарманд шинохтанд ва эҳтиром қоил шуданд. Хуршед Алидод падари овозхони шинохта Ширинмоҳ Ниҳолова аст.

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон аз марги Хуршед Алидод андуҳгин буда, ба наздикону пайвандон ва мухлисони ӯ ин талафотро таслият мегӯяд. Равонаш шод бод!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here