Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар маркази ноҳияи Хуросон бо рафти сохтмони бинои маъмурии шуъбаи маорифи ноҳия ва бинои маъмурии маркази ҷавонон шинос шуд.

Сохтмон дар доираи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Хуросон барои солҳои 2016-2020 ва дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли  2018 дар майдони 0,17 га оғоз гардид. Иншооти мазкур аз тарафи пудратчӣ ҶДММ “Гулдаст” бунёд мешавад. Дар ин бора аз  Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар доданд.

Бино аз 4 ошёна иборат буда, тибқи лоиҳа, дар ошёнаи 1, 3, 4-ум ҳуҷраҳои корӣ ва дар ошёнаи 2-юм инчунин толори маҷлис бо 72 ҷойи нишаст ҷойгир мешаванд. Масоҳати сохтмони бинои маъмурӣ 1418 метри мураббаъро дарбар гирифта, арзиши лоиҳавии сохтмон 7 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода инчунин бо корҳои сохтмонӣ дар бинои маъмурии маркази ҷавонон шинос шуд. Бино аз 2 ошёна бо 21 утоқи корӣ, 4 утоқи ёрирасон ва 1 маҷлисгоҳ барои 72 ҷойи нишаст иборат мебошад. Масоҳати сохтмони бинои маъмурӣ 982,1 метри мураббаъро дарбар гирифта, арзиши лоиҳавии сохтмон 5 миллиону 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Дар майдони марказии ноҳия дар доираи омодагиҳо ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ сохтмони гулгашт ва муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ бомаром ҷараён дорад. Айни замон наздики 50%-и корҳо дар гулгашт ва муҷассама ба анҷом расидаанд. Дар моҳи сентябри соли ҷорӣ мавриди истифода қарор гирифтани ин иншоот пешбинӣ гардидааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here