Дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон давоми 8 моҳи соли ҷорӣ 71 оила ақди никоҳи худро бекор карданд, ки ин теъдод нисбати ҳамин давраи соли гузашта ду ҳолат кам аст.

Мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Хуросон Соҷида Нуридинзода дар суҳбат ба “Фараж”  гуфт, ки гарчанде ду ҳолат ҷудошавии оилаҳо дар ноҳия  кам шуда бошад ҳам, аммо ин нигаронкуннад аст, зеро аризаҳое, ки барои ҷудо кардани оилаҳо аз ҷониби шаҳрвандон ба бахши САҲШ-и ноҳия ворид шуданд хело зиёд аст. Ӯ гуфт, ки аз теъдоди ҷудошавии оилаҳо танҳо 7 ҳолаташ бо аризаи тарафҳо  ва 64 ҳолати дигар бо ҳалномаи суд бекор шудаанд.

Омили ҷудошавии оилаҳоро дар ноҳияи Хуросон ин шахси масъул гирифтани шаҳрвандии Русия арзёбӣ карда гуфт, ҳангоми суҳбату вохуриҳо бо оилаҳое, ки ақди никоҳи худро бекор карданд маълум гашт, онҳо зиндагии муштарак доранд, аммо ба хотири шаҳрвандии Федератсияи Русияро ба даст овардан, ақди никоҳашонро бекор кардаанду маълумотномиа муҷаррад буданро мегиранд.

Ӯ сабиб бекор шудани 7 оилаи дигарро, ки бо розигии тарафҳо ҷудо шудаанд, бефарзандӣ арзёбӣ кард.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here