Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Хуросон сохтмони фермаи бузпарварӣ барои 1000 сар бузи ширдеҳ аз тарафи ҶДММ Хоҷагии зотпарварии “Саодат” дар деҳаи Гулрези ҷамоати деҳоти “Ҳилолӣ” ҷараён дорад.

Ба сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни бозидидаш аз корҳои сохтмони фермаи бузпарварӣ маълумот доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар ин ферма аз моҳи феврали соли 2018 оғоз гардида, то ин давра зиёда аз 50%-и корҳо иҷро карда шудааст. Арзиши умумии иншоот 14 миллиону 898 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Корҳои сохтмонӣ то охири соли 2019 ба итмом расида, воридоти таҷҳизот ва чорво то ҷашни Наврӯзи соли 2020 ба нақша гирифта шудааст. Дар сурати ба истифода додани иншооти мазкур зиёда аз 25 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ мегарданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here