Дар шаҳри Хуҷанд қуттиҳои фарсудашударо бо қуттиҳои наву замонавӣ иваз мекунанд.
То кунун дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд бар ивази қуттиҳои куҳнашудаи партов 47 адад қутиҳои наву замонавӣ насб кардаанд.
Сухангӯи раиси шаҳри Хуҷанд Маъмур Юсуфзод дар суҳбат ба faraj. tj гуфт: «То ҳол 47 адад қутти партовро дар хиёбонии асосии шаҳр насб кардем, ки барои тозагии шаҳр мусоидат мекунад. Ҳамчунин, нақша дорем, то 30-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кӯчаҳои шаҳри Хуҷандро бо қуттиҳои навви замонавӣ таъмин кунем».
Бояд тазакур дод, қуттиҳои партовгирии куҳна, ки 5 сол муқаддам гузошта шуда буданд, корношоям шудаанд ва бо ҳамин далел бо қуттиҳои наву замонавӣ ва ба гармию сарди тобовар иваз карда шудаанд.
Комрони Аслон