«Нишалло шириниест, ки бо омезиши қиёми шакар ба кафки бех ва сафедаи тухм тайёр карда мешавад»- қайд шудааст дар фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ. Ин намуди шириниро дар бозори машҳури «Панҷшанбе» — растаи нишаллофурӯшон метавон дарёфт кард. Касби нишаллопазӣ, ки яке аз ҳунарҳои мардумӣ аст, феълан чӣ ҳол дорад, оё истеъмолгарони ин навъи ширинии миллӣ афзудааст? ё кам шудааст, дар робита ба ин фурӯшандагон чӣ мегӯянд?
— Ҳукумати Советӣ пош хӯрду аксарият аз кор маҳрум монданд. То чанд вақт аз бекорӣ сарҳисоби зиндагӣ гум шуд, хайрият, ки ҳунари аҷдодӣ – нишаллопазӣ мерос монда будааст, бо аҳли оила ба ин кор часпидем, — гуфт нишаллопазӣ собиқадор Акбарҷон Аҳмадов
— Аввал қиём мепазем, сонӣ бехи нишаллоро ҷӯшонида обашро соф мекунем, ки дар натиҷа кафк ҳосил мешавад, — равиши корашро фаҳмонд Акбарамак. — Барои нағз шудани кафк тухм низ кор мефармоем, моддаҳои хушбӯйкунандаи ҷавҳари лимӯ, ванилин ва арпабодиён маззаи нишаллоро дучанд мекунад.
Нишаллопаз мегӯяд, ки вобаста ба қиём, нишаллоро ба навъи сабуку вазнинтар ҷудо мекунанд, онҳое, ки сулфа, диабети қанд доранд, барои доругӣ навъи сабуктарашро мегиранд. Барои оши наҳор ва дигар маъракаҳо ҳам аз навъи сабуктаракаш фармоиш зиёд мешавад. Талабгорони асосии нишалло калонсолон ҳастанд ва бозори он вақти моҳи шарифи Рамазон гарм мешавад.
— Дар Хуҷанд барин шаҳри калон фақат дар бозори «Панҷшанбе» нуқтаи нишаллофурӯшӣ асту халос, ки он ҷо 10 нишаллопаз ҷой доранд, лекин аз сабаби мавсим набудан бо навбат ба бозор мебароем. Ин касби худро ба 3 писарам омӯзондаам, лекин ояндаи касби нишаллопазиро пешгӯӣ кардан наметавонам, — изҳори нигаронӣ кард нишаллопаз Акбарҷон Ахмедов.