Шоми 29-уми апрел, байни соати 19 то 21, дар шаҳри Хуҷанд шамоли сахт ва борони пуршиддат иттифоқ афтод. Гуфта мешавад, ки офати табиӣ бе талафоти ҷонӣ буда, фақат зарари моддӣ дар пай доштааст.
Бар асари офати табиӣ ба дарахтону ноқилҳои барқ осеб расидааст. Зиёда аз 50 бех дарахти азимҷусса афтида, ба иншооти гуногун таъсир расонидаанд. Ноқилҳои барқ низ дар маҳаллаҳои шаҳр канда шуда, як муддат интиқоли барқ қатъ гардидааст ва дар фосилаи кӯтоҳ аз нав барқарор шудааст.
— Иншооти гуногуни бунёдшаванда, ки ҳудудашон бо тунукаҳо гирифта шуда буданд, бар асари вазидани шамол девори иҳотавиашон афтида, дар бархе маҳаллаҳо боиси халалдор шудани ҳаракати нақлиёт гардидааст, ки он низ бартараф мешавад, — хабар медиҳад дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд.