Бо қарори сардухтури давлатии санитарии шаҳр, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд Тахмина Усмонова аз 22-юми октябр фаъолияти як қатор марказҳои дилхушии шаҳр, аз ҷумла «Хваканта», «Опера», «Амнизия», «Парламент», «Шоми Суғд», «Очил», «Ёсуман», «Барбарос» манъ карда шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар дод.

Ин иқдом баъди хулосаи маводи муоина, санҷиш, мониторинги марказҳои дилхушӣ гирифта шуда, таъкид шудааст, ки масъулини клубҳои шабона бо вуҷуди бурдани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ барои риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дастуру тавсияҳои Ситоди шаҳрии пешгирии бемории короновирусро иҷро накардаанд.

Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд фаъолияти чунин марказҳои дилхуширо дар шароити феълӣ барои саломатии шаҳрвандон хатарнок арзёбӣ кардааст.

Тибқи қарори мазкур аз мақомоти ҳифзи ҳукуқ, аз ҷумла милитсия, даъват ба амал оварда шудааст, ки бароии амалӣ шудани он мусоидат кунанд.

Дар асоси қарори номбурда марказҳои дилхушӣ баъди ба эътидол омдани вазъи эпидемологӣ ва риояи тавсияҳои Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд ва гузаштани муоинаи ҳатмии кормандони марказҳои дилхушӣ ба фаъолияти хеш идома хоҳанд дод.

Дар ҳамин хабар гуфта мешавад, ки ду рӯз пеш зимни натиҷагирии фаъолияти 9 моҳаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз ҷониби раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода вазъи эпидемологӣ таҳлилу баррасӣ гардида, барои боз доштани фаъолияти марказҳои дилхушӣ бо мақсади эмини саломатии шаҳрвандон дастур дода шуда будааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here