Дар доираи фестивали байналмилалии ҳунармандии Қӯқанд дастаҳои Қӯқанд-1912 (Ӯзбекистон) ва “Хуҷанд (Тоҷикистон) барои сабқат ба майдон баромаданд.
Қабл аз оғози ин бозии рафиқона президенти дастаи “Қӯқанд-1912” Бахтиёрҷон Толипов футболбозони тоҷикро ба ин шаҳри куҳан хайрамақдам гуфт. Вай ибрози умедворӣ кард, ки роҳандозии чунин мусобиқаҳои футбол дар доираии фестивали ҳунармандӣ хусусияти рамзиро касб хоҳад кард ва дар мустаҳкам шудани дӯстии халқҳо нақши муҳим хоҳад бозид.
Пас аз маросими ҷомапӯшонӣ ба директори иҷроияи клуби “Хуҷанд” Муродҷон Умаров ва сармураббии даста Виталий Левченко мусобиқа оғоз ёфт. Дар дақиқаи 19-ум бозигари “Қӯқанд-1912” Сӯҳроб Бердиев ҳисобро кушод — 1:0. Ҳамин Сӯҳроб Бердиев голи дуюмро низ зад.
Чунин ранг гирифтани бозӣ футболбозони “Хуҷанд”-ро андак ҳушёр кард, вале ишғоли дарвозаи ҳарифон барои онҳо хеле мушкил мешуд. Ахиран, яке аз ҳуҷумҳои пай дар пайи футболбозони тоҷик ба он анҷомид, ки довари бозӣ ба сӯи дарвозаи мизбонон зарбаи ҷаримавии 11-метра тайин кунад. Тӯбро ба дарвозаи мизбонон Дилшод Восиев равон кард. Ҳисоб ба 2:1 расид ва дастаҳо ба танаффус баромаданд.
Баъди танаффус бозигарони ҳар ду тараф хеле бошиддат тубронӣ карданд. Тамошобинон аз ин бозӣ бештар завқ мебардоштанд. ба футболбози “Қӯқанд-1912” Тимур Усмонов муяссар гардид, ки дарвозабони “Хуҷанд” Андрей Полтавсев маҷбур кунад, то тӯбро аз тӯри дарвоза берун кашад. Дар фурсате дигар дар наздикии дарвозаи меҳмонон қоидаи бозӣ вайрон карда шуд ва довар ба дарвозаи онҳо тӯби ҷавримавӣ тайин кард, аммо тӯби ба тарафи дарвоза равонкардаи Иқбол Маликҷонов ба яке аз бозигарони “Хуҷанд” бархӯрд ва дарвозаи онҳоро аз голи навбатӣ наҷот дод.
Бозӣ боз ҳам шиддат пайдо кард. Дар дақиқаи 69-ум Парвиз Алиев, ки дар қисми дуюм ба майдон баромада буд, дарвозаи мизбононро хеле хуб ба нишон гирифт. Ҳисоб ба 3:2 расид. Вақте ки бозигари мизбонон Ҷасур Ёқубов дар майдончаи ҷаримавӣ рақиби худро аз пой афтонд, довар тӯби 11-метра таъйин намуд, аммо бозигари “Хуҷанд” Ойбек Абдуғаффоров натавонист тӯбро ба нишон расонад ва ҳисобро баробар кунад. Танҳо дар дақиқаҳои иловагӣ футболбозони “Хуҷанд” бо тамоми нерӯ дарвозаи ҳарифони худро ба нишон гирифтанд ва Дилшод Каримов муваффақ шуд, ки ҳисоби бозиро ба 3:3 расонд.
Ҳамин тавр, мусобиқаи нахустини байни дастаҳои “Қӯқанд-1912” (Ӯзбекистон) ва “Хуҷанд” (Тоҷикистон), ки дар доираи фестивали байналмилалии ҳунармандии Қӯқанд баргузор шуд, мусовӣ анҷом ёфт. Ин мусобиқаро Темур Тӯхтасинов, Анвар Мараҷабов, Шоҳрух Аъзамов ва Акмал Раҳимов хеле хуб доварӣ карданд. Мусобиқа ба иди ҳақиқии варзишӣ табдил ёфт.
Мирасрор Аҳроров,
мухбири махсуси “Фараж”, Қӯқанд, Ӯзбекистон