Дирӯз дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” дар шаҳри Хуҷанд вохӯриҳои даври сеюми марҳилаи гуруҳии Ҷоми КФО-2019 дар гуруҳи “D” баргузор шуд.

Бозӣ миёни дастаҳои “Хуҷанд” (Тоҷикистон) ва “Олтин Асир” (Туркманистон) мусовӣ – 0:0 анҷом ёфт. “Хуҷанд”, ки аз се бозӣ 4 имтиёз ба даст оврадааст, ба пешсафи ҷадвал “Истиқлол” баробар шуд, аммо дастаи шаҳри Душанбе ду бозӣ гузаронидааст. “Хуҷанд” вохӯрии навбатиашро дар ин мусобиқа 15-уми май дар Ашқобод бо “Олти Асир” мегузаронад.

Бозии дигари даври сеюми Ҷоми КФО дар гурӯҳи “D” миёни дастаҳои “Истиқлол” (Тоҷикистон) – “Дордой” (Қирғизистон) имрӯз, 1-уми май, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Оғози бозӣ – соати 19:00.

Ҷ  Дастаҳо В П М Б Т\т И
1 «Истиқлол» (Тоҷикистон) 2 1 1 0 4-1 4
2 «Хуҷанд» (Тоҷикистон) 3 1 1 1 3-4 4
4 «Олтин Асир» (Туркманистон) 3 0 3 0 2-2 3
3 «Дордой» (Қирғизистон) 2 0 1 1 2-4 1

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here